МУҚОМОТИ Э. РАҲМОН БО П. ПАТИЛ
Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил ба Тоҷикистон субҳи имрӯз бо маросими истиқболи расмии ӯ дар назди Қасри Миллат идома ёфт. Меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патилро дар назди Қасри Миллат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Тоҷикистон, салом додан ба сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ҷараён гирифт. Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди минбар ба поён расид. Масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар гуфтушунид бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ мегарданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






