МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАИ ТАҒЙИР ЁФТАНИ ИҚЛИМ ДАР НЮ – ЙОРК
Ню – Йорк, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Президенти Ҷумҳурии Ттоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти роҳбарону намояндагони мамлакатҳои ҷаҳон бахшида ба проблемаи тағйир ёфтани иқлим иштирок менамояд, ки имрӯз дар қароргоҳи марказии СММ дар Ню – Йорк кушода мешавад. Мудоқоти мазкур бо ташаббуси Муншии умумии СММ Пан Ги Мун даъват карда шудааст. Ҳадафи мулоқот сафарбар намудани ҷидду ҷаҳди тамоми мамлакатҳои ҷаҳон барои таҳияи ҳуҷҷати ниҳоии конфронси СММ бахшида ба проблемаи тағйир ёфтани иқлим мебошад. Дар мулоқот проблемаҳои марбут ба тағйир ёфтани иқлим муҳокима карда, мавқеи мамлакатҳои гуногун ба инобат гирифта, принсипҳои асосии ҳалли онҳо муқаррар хоҳад шуд. Дар фарҷоми мулоқот изҳороти хотимавӣ имзо карда мешавад. Дар ҷараёни мулоқот мизҳои мудаввар ташкил карда хоҳанд шуд. Роҳбари ҳар давлат дар яке аз мизҳои мудаввар ширкат варзида, мавқеи худро оид ба ин ё он проблема иброз медорад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






