МУСОБИҚАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАРОИ ПОСИ ХОТИРИ С.РАҲИМОВ

Сентябрь 22, 2009 14:17

                 Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Қасри варзиши «Самандар – 21» — и шаҳри Турсунзода аз 3 то 5 октябр барои поси хотири Қаҳрамони варзиши ҷаҳон Саидмӯъмин Раҳимов мусобиқаи байналхалқии самбо баргузор мегардад.                 Дар мусобиқа варзишгарони зӯртарини мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Саидмӯъмин Раҳимов 12 феврали соли 2009 дар синни 62 — солагӣ вафот кард. Ӯ варзишгари бузурги шӯравӣ ва тоҷик ба шумор меравад.                 С.Раҳимов соли 1975 дар шаҳри Минск дар мусобиқаи байналхалқии самбочиён ширкат варзида, дар вазни 100 кг қаҳрамони варзиши ҷаҳон гардида буд. Ӯ ҳамчунин ду карат қаҳрамони варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.                 Саидмӯъмин Раҳимов аз соли 1995 то соли 2004 ба Кумитаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии назди Ҳукумати Тоҷикистон роҳбарӣ кардааст.

Сентябрь 22, 2009 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад