МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА 15-СОЛАГИИ САРҚОНУН

Сентябрь 22, 2009 15:36

                Душанбе, 22 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 23 то 27 сентябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин»-и шаҳри Душанбе Чемпионати ҶТ оид ба баскетбол байни дастаҳои мардона бахшида ба 15- солагии Сарқонуни ҶТ-ро доир менамояд.                 Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, ин чорабинӣ бо мақсади тарғиби баскетбол дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.                  Дар мусобиқа ширкати дастаҳои вилоятҳои Хатлон (ду даста), Суғд (як даста), Бадахшон (як даста), шаҳри Душанбе (ду даста), шаҳри Турсунзода (як даста) ва ноҳияи Рӯдакӣ (як даста) дар назар аст.                  Ғолибон ва ҷоизадороне, ки дар ҷамъбасти мусобиқа ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, бо ҷом, медалу диплом ва тӯҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.  

Сентябрь 22, 2009 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад