НАХУСТИН НАМОИШГОҲИ ҚОЛИНҲОИ ДАСТБОФИ ЭРОНӢ

Сентябрь 8, 2009 16:41

               Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин намоишгоҳи қолинҳои дастбофи эронӣ 10 сентябр дар толори меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ташкил карда мешавад. Ин чорабинӣ бо ибтикори Созмони бозаргонии устони Озарбойҷони Шарқии Эрон созмон дода мешавад.               Назар ба иттилои мудири баргузории намоишгоҳ Тавҳид Халилванд, дар намоишгоҳ ҳудуди сад намуд қолинҳои дастбоф, ки аз муйина ва абрешим бофта шудаанд ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд. Ҳадафи намоишгоҳ муаррифии қолинҳои дастбофи эронӣ ва эҳёи ҳунари колинбофӣ дар кишварҳои минтақа аст.              Тавҳид Халилванд иброз дошт, ки қаблан дар Афғонистон намоишгоҳи қолинҳои дастбофи эрониро ташкил карда буданд. Намоишгоҳ муддати 6 рӯз идома меёбад.

Сентябрь 8, 2009 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад