НАМОЗИ ИДОНА ДАР МАСҶИДИ ШАЙХМУСЛИҲИДДИН

Сентябрь 22, 2009 11:49

                  Хуҷанд, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дирӯз, 21 сентябр ба муносибати анҷом ёфтани моҳи Рамазон дар масҷиди Шайхмуслиҳиддин ва майдони Регистони ноҳияи Панҷшанбе зиёда аз 40 ҳазор нафар барои гузаронидани намоз ҷамъ омад.                   Онҳоро намояндагони маъмурияти шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрик намуданд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳамаи мусулмонони вилоят пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи расондани кӯмак ба мӯҳтоҷон ба шарафи иди Рамазон дастгирӣ намуда, тадбирҳои гуногуни хайрия гузаронданд. Аз ҷумла, масҷиди Шайхмуслиҳиддин ба Хонаи маъюбону мӯйсафедони бекасу танҳои «Деҳмой» ба маблағи 3,5 ҳазор сомонӣ маводи озуқа тӯҳфа намуд. Маблағи мазкурро намозгузорони масҷид ва ширкати «Индиго Сомонком» ҷамъ оварданд.                     Раиси Шӯрои уламои вилоят Ҳоҷиҳусейн Мӯсозода изҳор намуд, ки диндорон барои иҷрои дастуру супоришҳои сардори давлат дар бораи сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва истифодаи чароғҳои барқии каммасраф маблағи ҷамъгардидаи фитри рӯзаро барои харидани лампаҳои барқии сарфакунандаи қувваи барқ истифода мебаранд. Ин лампаҳо баъдан дар байни сокинони эҳтиёҷманд тақсим карда мешавад.

Сентябрь 22, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид