ОҒОЗИ МУЛОҚОТИ ОЛИМОН ВА ЭҶОДКОРОНИ ҶАВОНИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Кишинёв, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 24 сентябр дар Қасри Ҷумҳурияти шаҳри Кишинёв мулоқоти навбатии олимон ва эҷодкорони ҷавони мамлакатҳои ИДМ кушода шуд. Дар он 450 нафар олимони машҳур, арбобони илму ҳунар ва созмонҳои ҷавонони 11 мамлакати ИДМ — Тоҷикистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Озарбойҷон ва Арманистон иштирок доранд. Иштирокчиёни мулоқотро иҷрокунандаи вазифаи президенти Молдавия, раиси парлумони ин мамлакат Михай Гимпу, роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, муншии умумии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Михаил Кротов, раиси Шӯрои ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ, намояндаи махсуси президенти Русия дар масъалаи ҳамкории гуманитарӣ бо мамлакатҳои ИДМ Ҷаҳон Полиева, ректори Донишгоҳи давлатии Маскав, академик Виктор Садовничий, роҳбарони ҳайатҳо ва дигарон табрик намуданд. Вазири маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, узви раёсати Фонди байналхалқии ҳамкории гуманитарӣ Абдуҷаббор Раҳмонов паёми табрикии Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқиловро ба унвони иштирокчиёни мулоқот қироат намуда, дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон дар бобати ҳамкории гуманитарӣ бо мамлакатҳои ИДМ сухан ронд. 25 сентябр дар ҷараёни мулоқот натиҷаҳои Соли ҷавонони ИДМ ҷамъбаст намуда, барномаҳои ба Соли илм ва навигариҳои техникӣ бахшидашуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






