ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ БА ИСТИФОДАИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ ГУЗАШТАНД, ОДАМОНИ ДОРО ЧӢ?
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чунон, ки дар Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли ҷорӣ иди Рамазон ба иди хайру сахо табдил ёфт ва ба садҳо оилаҳои камбизоат фитри рӯзаро, ки ҳар сол бо маблағ аз ҷониби мардуми доро ва саховатпеша хайр карда мешуд, соли ҷорӣ лампаҳои каммасрафро ҳамчун фитри рӯза ба бенавоён ҳадя карданд. Дар банди 3 – и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» омадааст: «Вазорати молияи ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолииҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва Ширкати саҳҳомии ҳолдингии кушодаи «Барқи тоҷик» то моҳи октябри соли 2009 241 ҳазор оилаи камбизоатро бо лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин намоянд». Мӯҳлати амалишавии фармони мазкур наздик аст, аммо мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар хонаҳои зисти даҳҳо намояндагони қишрҳои миёнаю олии роҳбарикунанда амалишавии фармон кашол меёбад. Набояд фаромӯш кард, ки истифодаи сарфакоронаи барқ таҳти дастури Президенти кишвар сурат мегирад ва роҳи бозгашт надорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






