ОЗМУН ВА СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ «ФАЛАК» ДАР ДУШАНБЕ

Сентябрь 30, 2009 16:30

                  Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ«Ховар», Таҳмина Ғоибназарова, Бекназари Абӯбакр). — Аз 8 то 11 октябр дар Душанбе озмун ва симпозиуми байналхалқии эҷодиёти халқии «Фалак» баргузор мегардад.                  Аз дафтари матбуоти вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар озмуни мазкур ҳунарпешагони ансамбли давлатии «Фалак» — и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дастаҳои фалаксароёни вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат меварзанд. Моҳи август дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмунҳои интихобӣ гузаронида шуданд. Ғолибони онҳо дар даври хотимавии озмуни ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд, ки 7 октябр гузаронида мешавад.                    Дар озмун аз Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, ИМА ва Русия низ меҳмонон иштирок хоҳанд кард.                   9 октябр дар доираи озмун дар мавзӯи «Назария ва таърихи санъати фалаксароӣ» симпозиум гузаронида мешавад. 

Сентябрь 30, 2009 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад