ОЗМУНИ НАВБАТИИ ЖУРНАЛИСТОНИ СОҲАИ ЭКОЛОГИЯИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз дар Маркази равобити пойтахт маросими ифтитоҳи озмуни 7 – уми журналистони соҳаи экологияи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ кушода шуд. Озмун бо дастгирии созмонҳои давлатӣ, байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ баргузор мегардад, дар он намояндагони панҷ мамлакати Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд. Озмуни мазкур ба мавзӯи ҳифзи табиат бахшида шуда, ҳадафи он дастгирии журналистикаи соҳаи экология дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз проблемаҳои ҳифзи табиат огоҳ намудани ҷомеа ва истифодаи оқилонаи табиат ва сарватҳои он мебошад. Дар ҷараёни озмун сабқати эҷодии журналистони мамлакатҳои минтақа дар соҳаи экология гузаронида мешавад. Дар озмун асарҳое иштирок мекунанд, ки дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз 2 апрел то 1 майи соли 2009 бахшида ба проблемаҳои ҳифзи табиат чоп карда, шунавонида ё пахш карда шуда шудаанд. Ба асарҳои мазкур ҳайати байналхалқии доварон баҳо медиҳад. Барои асарҳои беҳтарин ҷоизаҳо муқаррар карда шудаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






