ПИРӮЗИИ ҲИЗБИ НАСРОНИЁНИ ДЕМОКРАТ ДАР ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОН

Сентябрь 28, 2009 14:50

                 Берлин, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). – Ҳизби насрониёни демократи Олмон таҳти роҳбарии канслер Анжела Меркел дар интихоботи парлумон ғалаба ба даст овард. Интихобот дар ин ҷо дирӯз баргузор гардид.                  Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, Ҳизби насрониёни демократ ба 33,8 фоизи овози интихобкунандагон, ҳарифи асосии он — Ҳизби сотсиал – демократ соҳиби 23 фоиз, Ҳизби демократҳои озод соҳиби 15 фоиз, Ҳизби чапгаро соҳиби 12 фоиз ва Ҳизби табиатдӯстон соҳиби 10 фоизи овозҳо гардиданд.                 Бояд гуфт, ки Ҳизби сотсиал — демократи Олмон дар интихобот шикасти калон хӯрда, аз ҳокимият барканор гардид.                  А.Меркел изҳор намуд, ки аз имконияти бадастомадаи ташкили ҳукумат ҳамроҳи либералҳо изҳори хурсандӣ менамояд.                   Ба мо муяссар шуд, ки ҳадафҳоямонро ба даст оварда, ҳукумати нави мамлакатро ташкил диҳем. Ҳукумати мо ҳукумати ҳақиқатан халқӣ хоҳад гашт, гуфт вай.

Сентябрь 28, 2009 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад