ПРЕЗИДЕНТИ ҲИНДУСТОН БА ДУШАНБЕ ОМАД

Сентябрь 6, 2009 18:22

               Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). – Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил имрӯз барои боздиди нахустини расмӣ ба Душанбе омад.                Меҳмони олиқадрро дар майдони ҳавоии пойтахт Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва шахсони дигари расмӣ пешвоз гирифтанд.                Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон 28 августи соли 1992 муқаррар карда шудаанд. Дар ин муддат байни ҳар ду кишвар 34 ҳуҷҷати ҳамкорӣ имзо карда шудааст.               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1995, 2001 ва 2006 ба Ҳиндустон расман ташриф оварда буд.                Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон маблағи хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду мамлакат дар давоми 7 моҳи соли 2009 — ум бештар аз 25 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод. 

Сентябрь 6, 2009 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад