РОҲИ НАВИ ҲАВОӢ
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Акнун ҳавопаймоҳои Ширкати «Сомон Эйр» ба шаҳри Санкт-Петербург низ парвоз мекунанд. Ҳавопаймои нахустини ин ширкат бо 168 мусофир аз фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе 3 сентябр ба Санкт- Петербург парвоз кард. Ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба шимоли Русия ҳар ҳафта 1 маротиба рӯзи чоруми ҳафта парвоз хоҳанд кард. Ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Дубай ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа парвоз мекунанд. Аз дафтари матбуоти Ширкати «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 4 сентябр ҳавопаймои дуюми ширкати «Сомон Эйр» ба Дубай парвоз кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






