ШУМОРАИ ТИФЛОНИ НАВЗОД МЕАФЗОЯД
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар соли ҷорӣ афзоиши бақайдгирии таваллуд дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бақайдгирии кӯдакони навзод 10,9 фоиз, ё ба миқдори 2 ҳазору 600 нафар кӯдак ба ҳисоб гирифта шуданд. Таваллуди кӯдакони навзод бештар дар вилояти Хатлон 10,7 фоиз ё 4,2 ҳазор нафар, вилояти Суғд 3,6 фоиз ё 900 нафар, ВМКБ 16,1 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 3 фоиз зиёд шудааст. Афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои январ – июли соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 10,9 фоиз ё ба 88,9 ҳазор нафар расид, ки ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 239 нафар рост меояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






