СОЛИМИИ АҲОЛӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Сентябрь 10, 2009 11:02

                  Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар арафаи иди 18-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Хазинаи СММ оид ба нуфузи аҳолӣ (UNFPA) китоб таҳти унвони «Солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар соли 2008» аз чоп баромад.                 Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, ин китоб маълумоти омории солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустии солҳои 2007-2008-ро, ки аз тарафи кормандони Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ таҳия гардидаанд, дарбар мегирад ва он ба мутахассисону роҳбарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки аз солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ огаҳӣ дошта бошанд ва нишондиҳандаҳои фаъолияти муассисаҳои зертобеи худро дар муқоиса бо муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои дигар арзёбӣ намоянд.               Дар таҳия намудани маҷмӯа аз ҳисоботи омории соҳавию давлатии пешниҳоднамудаи марказҳои омор ва иттилооти тиббии шаҳру вилоятҳо ва беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин аз маълумоти демографии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки нишондиҳандаҳои тандурустии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ истифода карда шудааст.              Дар маҷмӯа таклифу пешниҳодҳои сармутахассисони ғайривоҳидии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудаанд.              Маҷмӯа бо назардошти таклифу пешниҳодоти сармутахассисон ва мутахассисони Вазорати тандурустӣ бо тағйироту иловаҳо таҳия гардидааст.              Бояд тазаккур дод, ки ин маҷмӯа, ки ҳар сол бо теъдоди 270 нусха ба чоп мерасид, имсол бо теъдоди 500 нусха дар чопхонаи ҶДММ «Орбита» нашр гардидааст.

Сентябрь 10, 2009 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад