«ТОҶИКФИЛЬМ» СОҲИБИ РОҲБАРИ НАВ ШУД
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», А. Ҳаитов).- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2009 Маҳмадсаид Шоҳиддинович Пиров аз вазифаи директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» озод карда шуд. Маҳмадсаид Пиров бо Фармони Раиси Кумитаи ТВ ва радиои назди ҲҶТ директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таъин карда шуд. Номбурда барои иҷрои як қатор нақшҳои саҳнавӣ, аз ҷумла нақши Восеъ дар филми «Ашк ва шамшер»-и таҳиягар Т.Собиров аз ҷониби коршиносон ва мутахассисони синамо сазовори баҳои арзанда шудааст. Бо таъин шудани М.Пиров ба вазифаи директори «Тоҷикфилм» эҳёи дубораи кинои тоҷик, барқарор кардани шӯҳрати пешина ва ҳамчунин истеҳсоли филмҳои муосири бадеӣ, ҳуҷҷативу публитсистӣ ва ҳунарӣ дар назар дошта мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






