ТУЛӮЪИ ХУРШЕДИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

Сентябрь 22, 2009 16:24

                 Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад». Таҳти чунин унвон 22 сентябр бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ конфронси илмӣ баргузор шуд.                   Тибқи иттилои мудири китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Тошев конфронс ба Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола 22 сентябр таҷлил мегардад, бахшида шуда, дар он олимону адабиётшиносон ва мунаққидону донишҷӯён ширкат доштанд.                    Иштирокдорони конфронси илмӣ дар мавзӯҳои «Рӯдакӣ ва шӯҳрати ҷаҳонии ӯ», «Таълими проблемавии илму дониш дар осори Абӯабдуллои Рӯдакӣ», Тасвирнигорӣ дар ашъори Рӯдакӣ» ва «Китобноманигории осори Рӯдакӣ» маърӯза карда, доир ба нақши соҳибқирони назми тоҷик-Абӯабдулло Рӯдакӣ дар рушди адабиёти классикии тоҷик ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки осори асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ бо гузашти беш аз 1000 сол асолати худро гум накарда, шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст.                   Дар анҷоми конфронси илмӣ бо номи «Хуршеди тамаддуни тоҷикон ва аҳли башар» намоиши китобҳо ташкил карда шуд, ки таҷассумгари осори безаволи падари шеъри форсӣ -Абӯабдулло Рӯдакӣ буд.

Сентябрь 22, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад