ЯРМАРКАИ «ТОҶИКМАТЛУБОТ»

Сентябрь 7, 2009 12:06

                Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 5 –уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси «Тоҷикматлубот»- и кишвар дар Қарияи Боло ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти корхонаҳои қаннодии ташкилоти мазкур доир гардид, ки он тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе қабул гардидааст.                Дар ярмарка маҳсулоти бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, «ҷамъияти матлуботи ноҳияи Турсунзода, бозори маркази ноҳияи Рашт, бозори шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шахринав, ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамъияти матлуботи ноҳияи Қубодиён, Бозори маркази ноҳияи Ҳисор, ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ёвон, ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶДММ «Заркамар» ва корхонаи «Баракат»- и ноҳияи Ҳисор ширкат варзиданд.                Чунон ки маълум шуд, доираи фарогирии ярмарка хеле калон ба назар менамуд, аммо сифати маҳсулот ба талаботи харидор мувофиқ набуд. Вакте аз фурӯшандагони ярмака аз бесифатии маҳсулоташон савол кардем онҳо дар ҷавоб иброз намуданд, ки мо ин маҳсулотро аз рӯи маҷбурӣ вориди бозор кардем, зеро агар мо маҳсулотамонро 20 – 30 фоиз арзон карда аз ноҳияҳои дури вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе ворид кунем, хоҷагиамон қарздор мешавад. Мо дар ҷавоби онҳо гуфтем, ки охир ин маҳсулоти «Тоҷикматлубот» мебошад ва ярмаркаро ҳамин идора ташкил кардааст ва шумо ҳақ надоред худсарона нарх гузоред ва ё маҳсулоти камсифатро, ки ҳатто санади идораи санитарӣ — эпедимологиро ҳангоми фурӯш бо худ надоред ба бозор бароред.               -Агар моро маҷбур намекарданд, мо ҳаминашро ҳам намеовардем, барои «Тоҷикматлубот» зарур бошад маҳсулотро аз сари замин харида гирад ва бо кадом нарх, ки мехоҳад савдо кунад,- гуфт оне, ки худро Акрам номид. Ва ҳамин чиз бароямон маълум шуд, ки «Тоҷикматлубот» аз ин ярмарка барои худ «галочка» мегирад, вагар на нархи маҳсулоти пастсифати овардаро дар дигар бозорҳо то 30 дирам арзон харидан мумкин буд.

Сентябрь 7, 2009 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад