ЗАНОНИ КОСИБИ ТОҶИК БА ДУБАЙ МЕРАВАНД
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Иттиҳоди миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ғолибони озмуни занони косиби вилояти Суғдро муайян намуд, ки дар намоишгоҳи байналхалқии занони косиб дар шаҳри Дубайи Аморатҳои Муттаҳидаи Араб иштирок хоҳанд кард. Дар натиҷаи озмун занони косиб аз ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом ва Хуҷанд – Мунира Оқилова, Фароғат Абдуллоева, Мунира Зокирова, Салима Каримова, Гулрухсор Умарова ва Инобат Мӯъминова барои иштирок дар намоишгоҳ интихоб карда шуданд. Намоишгоҳи Дубай дар доираи барномаи Шабакаи минтақавии ҳамкории созмонҳои ғайриҳукуматии занони Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ ғайр аз намояндагони Тоҷикистон занони косиби Афғонистон ва Покистон низ иштирок хоҳанд кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






