80 СОЛАГӢ МУБОРАК!

Октябрь 30, 2009 11:55

                Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дирӯз дар Душанбе дар толори Ҷомӣ 80 солагии таъсисёбии кинои тоҷик расман ҷашн гирифта шуд.                   Соли 1930, Шӯрои Олии Хоҷагии Халқи СССР бо қарори алохида дар асоси як коргоҳи хурд (кинолаборатория) муассисаи «Тоҷиккино» — ро таъсис дод. Дар ибтидо ин студияи навтаъсис филмҳои ахборӣ — ҳуҷҷатӣ, аз соли 1932 филмҳои ҳунарӣ ва баъди се сол филмҳоро бо овози қаҳрамонҳо истеҳсол мекард. Аз соли 1961 киностудия номи «Тоҷикфилм» — ро гирифт.                  Дар маросими ҷашнӣ ба кормандони собиқадори соҳа нишони фахрии сарисинагӣ супорида ва барои иштирокчиёни маросим филми ҳунарии режиссер Саидҷон Қодирӣ «Баҳори як кӯча» намоиш дода шуд. Бояд гуфт, ки дар 30 соли охир ин нахустин филми ҳунарӣ барои кӯдакон ба навор гирифта шуда аст.

Октябрь 30, 2009 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад