БА ПОЙТАХТ МОШИНҲОИ КОММУНАЛӢ ВОРИД ШУДАНД
Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 21 октябр 8 адад мошини коммуналӣ ба шаҳри Душанбе ворид карда шуд. Ин мошинҳо дар асоси қарордоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи истеҳсоли мошинҳои коммуналии шаҳри Мтсенск» -и Федератсияи Русия ба Душанбе оварда шуд. Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ то аввали моҳи ноябри соли равон 40 адад техникаҳои коммуналӣ ва 24 адад контейнерҳои партовҷамъоварӣ барои эҳтиёҷоти раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияи пойтахт ба маблағи беш 11 миллион сомонӣ ба шаҳр ворид карда мешаванд.








Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






