БАРТ: – 17 МЛН. ДОЛЛАР БАРОИ СИСТЕМАИ ОБТАЪМИНКУНИИ СУҒД
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар назар аст, ки барои таҷдиди системаи обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Чкалов, Исфара, Табошар, Қайроққум ва Конибодоми вилояти Суғд аз ҷониби Бонки аврупоии рушд ва таҷдид (БАРТ) қариб 17 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ шавад. Ин нуқта дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо намояндаи Бонки аврупоии рушд ва таҷдид хонум Катарина Бёрлин Хансен зикр гардид. Намояндаи бонки мазкур хонум Катарина Бёрлен Хансен изҳор дошт, ки ҳадаф аз омода кардани лоиҳаи мазкур аз лиҳози техникиву иқтисодӣ беҳтар намудани таъминоти об ва барқарор намудани системаи обтаъмикунӣ буда, он аз ҷониби Бонки аврупоии рушд ва таҷдид дастгирӣ хоҳад ёфт. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сохторҳои марбутаи он омода аст, ки дар тадбиқи ин лоиҳа ҳамаҷониба мусоидат кунанд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо инчунин оид ба густариши ҳамкориҳо, вусъат додани равобит дар ҳамаи соҳаҳо, таҳкими муносибатҳо ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






