Д.САЙМИДДИНОВ: «ҚОНУНИ НАВ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ЗАБОНҲОРО ТАЪМИН МЕКУНАД»

Октябрь 1, 2009 16:34

                  Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муайян намудани вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии кишвар дар шароити истиқлолияти давлатӣ ва равандҳои босуръати ҷаҳонишваии ҷомеа, ки барои ҳар забони миллӣ метавонад оқибатҳои ногувореро ба миён оварад, таҳия шудааст», гуфт зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Додихудо Саймиддинов.                   Хабарнигори АМИТ «Ховар» итилоъ медиҳад, ки лоиҳаи қонун 1 октябр дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат баъди муҳокимарониҳои тӯлонӣ қабул гардид.                  Лоиҳаи қонуни забони давлатӣ аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, барои истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам меоварад. Он мақоми забони давлатиро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва вазъи ҳуқуқии онро дар умури идорӣ ва коргузории мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муайян менамояд.                   Тибқи лоиҳаи нави қонун дар баробари забони давлатӣ истифодаи забонҳои дигар низ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ танзим ва муқаррар шудааст. Истифодаи забонҳои дигар дар муносибатҳои дохилӣ ва робитаҳои байналмилалӣ дар 17 ҳолат ва 17 модда муайян ва танзим шудааст, яъне лоиҳаи нави қонун ҳуқуқи дигар халқу миллатҳо ва забонҳои онҳоро маҳуд намекунад. Лоиҳаи нави қонун истифодаи озоди забони модарии ҳамаи миллату халқиятҳои Тоҷикистонро кафолат дода, ҳеҷ гуна маҳдудиятро дар муошират барои забонҳои дигар ба вуҷуд намеорад.                     Зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод кард, ки дар қонун умумияти забони тоҷикӣ ба форсӣ қабул карда шавад.                      Нисбати моддаи 20 –уми қонун вакил Исмоил Талбаков норизоӣ баён карда гуфт, ки дар чунин шароити мушкили иқтисодӣ чӣ гуна метавон мӯҳри корхонаю муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар муассисаҳоро новобаста аз шакли моликияташон, ки дар ҷумҳурӣ беш аз 100 ҳазорро ташкил медиҳанд, ба забони давлатӣ тағир дод. Мавсуф афзуд, ки барои ин тахмин 15 миллион сомонӣ зарур аст. 

Октябрь 1, 2009 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд