ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИИ «ОРИЁНБОНК» ТАҲТИ САНҶИШ ҚАРОР МЕГИРАД

Октябрь 13, 2009 14:56

                 Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дирӯз дар қароргоҳи марказии ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» озмун барои дарёфти ташкилотҳои санҷишӣ ҷамъбаст гардид. Мақсад аз баргузории озмун интихоби созмонҳои байналмилалии санҷишӣ барои анҷом додани тафтиши ҳатмии фаъолияти молиявии «Ориёнбонк» дар соли 2009 буд.                  Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» иттилоъ доданд, бо қарори комиссияи махсус ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Азиан Бизнес Груп» ва ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии «БДО Юником» ғолиби озмун дониста шуданд.                 Ёдовар мешавем, ки «Азиан Бизнес Груп» дар бозори ҷаҳонии хизматрасонии ҳуқуқӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҷамъияти пӯшидаи саҳҳомии «БДО Юником» аъзои комилҳуқуқи созмони байналмилалии санҷишии BDO International ба ҳисоб меравад. 

Октябрь 13, 2009 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад