ФОҶИАЕ, КИ КАСЕ ИНТИЗОРАШ НАБУД
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 28 октябр дар шаҳри Хуҷанд як садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Фирӯз Боқӣ иттилоъ дод, ронандаи автомашинаи тамғаи «Даймер-Бенс» таҳти идораи Саид Саидови 30 сола, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷандро, ки дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гулбаҳори шаҳри Хуҷанд, пиёдагарди 19 сола Имом Кибриев, ки истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан мебошад, пахш мекунад. Ронанда ҳаракати худро давом дода аз ӯҳдаи боздоштани автомашина набаромада ба қафои автомашинаи «ИЖ — 2715» бархӯрдааст. Дар натиҷа пиёдагард И. Кибриев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ронанда аз гирифтани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба беморхона бистарӣ мешавад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






