ГУРӮҲИ КОРӢ БА ӮШ РАФТ

Октябрь 1, 2009 16:11

                  Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – 1 октябр гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали раиси Кумита Маҳмадулло Ҳакимов барои иштирок дар мулоқоти корӣ бо намояндагони Вазорати вазъияти фавқулоддаи Қирғизистон ба шаҳри Ӯш рафт. Мулоқоти мазкур дар доираи амалӣ сохтани созишномаи комиссияҳои ҳукуматии хар ду мамлакат дар бораи пешгирӣ ва барҳам додани оқибати фалокатҳои табиӣ гузаронида мешавад.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот нақшаи ҳамкории вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон дар мавриди рух додани вазъияти фавқулодда ва гузаронидани машқҳои гуногун мувофиқа карда мешавад.                  Ҳайати вазорати вазъияти фавқулоддаи Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини вазир Муқамбет Қосималиев 18 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мулоқот карда буд.

Октябрь 1, 2009 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад