МАЪРАКАИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ ГЕЛМИНТӢ

Октябрь 13, 2009 15:05

                 Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). –Аз тарафи вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ва вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов оид ба гузаронидани маъракаи гелминтӣ (бекирмгардонӣ) фармони якҷоя ба тасвиб расид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд.                  Ин чорабинӣ бо мақсади паст намудани сатҳи паҳншавии бемориҳои гелминтӣ ва кам намудани миқдори гелминтҳо дар бадани мактаббачагони синни 7-14 солаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 28 то 30 октябри соли ҷорӣ гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки ин чорабинӣ ҷамъ 1 миллиону 336 ҳазору 139 нафар мактаббачагонро дар тамоми ҷумҳурӣ фаро мегирад.                 Бино ба маълумоти манбаъ, тибқи ин фармон ҳамаи сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сартабибони беморхонаҳои марказӣ ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои гузаронидани корҳои ташкилӣ ва назоратӣ оид ба чорабинии бекирмгардонӣ дар байни мактаббачагон, гурӯҳҳои назоратиро созмон диҳанд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро оид ба гузаронидани ин чорабинӣ воқиф намоянд.                 Ҳамчунин, гузарондани корҳои тайёрӣ дар байни кормандони тиббӣ ва омӯзгорон, созмон додани гурӯҳҳои мониторингӣ, омӯзишӣ, тақсимоти доруҳо ва бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ бо истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма гузаронида мешаванд.                   Чорабинии бекирмгардонӣ бо кӯмак ва дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ЮНИСЕФ гузаронида мешавад. 

Октябрь 13, 2009 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад