МАШВАРАТИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони сохторҳои бахши иқтисодии мамлакат машварати корӣ доир намуд. Дар машварат натиҷаҳои фаъолияти бонкӣ ва нишондодҳои рушди онҳо дар 8 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда баҳри беҳдошти вазъи соҳа ва дастгирии давлатии он дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ муайяну мушаххас карда шуд. Дар рафти машварат ҳисоботи Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки сатҳи таваррум дар 8 моҳи соли равон 4% — ро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 банди фоизӣ кам аст. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 13 адад бонк ва 121 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ амал мекунанд. Дар 8 моҳи соли равон 20 шуъбаи нави бонкӣ дар минтақаҳо, 4 оҷонсӣ, 68 нуқтаи интиқоли пул ва 29 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ кушода шудааст. Ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 218,9 миллион ё худ 31,6% ва 209,8% ё худ 19,5% афзудааст, ки бешубҳа аз болоравии эътимоди мардум ба бонкҳои кишвар гувоҳӣ медиҳад. Дар 8 моҳ бонкҳо ба мизоҷони худ дар ҳаҷми умумии 2,9 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки аз он 1,1 миллиардашро қарзҳои хурд ташкил медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон беҳшавии хизматгузории бонкӣ, баланд шудани боварии мардум ба бонкҳо, афзоиши амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, афзудани ҳаҷми қарздиҳӣ, хусусан қарзҳои хурд ва тадриҷан афзудани ҷалби сармояи хориҷиро аз пешравию комёбиҳои асосии низоми бонкии кишвар дар солҳои охир маънидод намуд.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти нишондодҳои ҳисоботи роҳбарони бонкҳо ва таклифу пешниҳодҳои онҳо ба роҳбарияти сохторҳои масъули бахши иқтисодӣ дастур дод, ки баҳри дастгирии бештари низоми бонкии мамлакат дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ тадбирҳои муассиру судбахш андешанд. Идомаи ислоҳоти бонкӣ, афзун намудани қарзҳо ба соҳибкорони ватание, ки маҳсулоти содиротӣ истеҳсол мекунанд ва ба соҳибкорони истеҳсолии деҳоти кӯҳистон, таъмини шаффофият дар фаъолияти бонкӣ ва дигар тадбирҳои муҳим зарур шумурда шуд. Роҳбарони бонкҳо аз он, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соли равон аллакай ду бор аст, бо онҳо мулоқоту машварат анҷом дода, оид ба дастгирии давлатии соҳа тадбирҳои мушаххас меандешад, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид бар он доштанд, ки баҳри ба сатҳи муосири ҷаҳонӣ баровардани хизматрасониҳои бонкӣ ҷаҳду талош мекунанд.








Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд






