МУЛОҚОТИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН
Ашқобод, 1 октябр. (АМИТ «Ховар» — turkmenistan.gov.tm). – 30 сентябр сафири кабири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Қозидавлат Қоимдодов ба муносибати ба охир расидани мӯҳлати сафораташ дар ин мамлакат бо Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард. Зимни сӯҳбат аз вазъияти имрӯзаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Қ.Бердимуҳаммадов зикр кард, ки муносибатҳои дӯстонаи тоҷикон ва туркманҳо таърихи чандинасра дорад. Сафири Тоҷикистон изҳор намуд, ки тоҷикон Туркманистонро ҳамчун мамлакати бузурги дӯст эътироф намуда, тайёранд, ки муносибатҳои мутқобилан муфидро бо ин мамлакат идома диҳанд. Президенти Туркманистон ба фаъолияти дипломати тоҷик барои саҳми калонаш дар вусъат додани равобити ҳар ду мамлакат ва мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона ва боварибахши халқҳои ҳар ду кишвар баҳои баланд дод. Қ.Қоимдодов дар фарҷоми сӯҳбат ба роҳбари давлати Туркманистон барои кӯмаку дастгирии ҳамешагиаш изҳори сипос намуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






