ПОЙАФЗОЛИ ГЕРОИНДОР

Октябрь 21, 2009 12:01

                 Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 18 октябр кормандони шӯъбаи дохилии ноҳияи Ғончӣ дар натиҷаи гузарондани амалиёт як сокини ноҳияи Спитамен (барои рафти тафтишот, аз ошкор намудани номи гунаҳкор худдорӣ намуданд) дастгир карданд.                 Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Фирӯз Боқӣ иттилоъ дод, ҳангоми боздошт аз дохили сумкаи дар даст буда, ду ҷуфт пойафзоли нави мардона меёбанд. Мувофиқи маълумоти шӯъбаи ташхиси криминалии раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар дохили пойафзол маводи навъи героин, ки вазнаш 1 кг 107 граммро ташкил медод, ҷой карда шудааст.               Оид ба ин ҳодиса бо моддаи 200 (қ.4) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  

Октябрь 21, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад