ПРЕЗИДЕНТИ АВВАЛИН ҚАТЛ ШУДА БУД?

Октябрь 21, 2009 17:02

                Тифлис, 21 октябр. (АМИТ «Ховар» — top.rbc.ру). – Бо ташаббуси пешвои ҳизби оппозитсионии «Картули даси» Ҷонди Багатурия парлумони Гурҷистон барои омӯзиши муфассали марги аввалин президенти Гурҷистон Звиад Гамсахурдиа комиссияи порлумонии тафтишотӣ таъин кард. Ҷонди Багатурия дар баромади худ қайд намуд, ки «Солҳои 1991 – 1992 ҳукумати бо роҳи қонунӣ интихобшуда ба тариқи зӯрӣ ва бо истифода аз силоҳ барканор карда шуд. Дар натиҷа мамлакат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид. Президент Гамсахурдиа таҳти таъқиб қарор гирифта, оқибат ба марг дучор шуд».                  Звиад Гамсахурдиа аввалин президенти Гурҷистон дар солҳои 1990 – 1992 буд. 31 декабри соли 1993 Гамсахурдиа дар деҳаи Ҷихашкари воқеъ дар қисмати ғарбии Гурҷистон дар ҳолатҳои номаълум фавтид. Мувофиқи баъзе фарзияҳо ӯ ба худкушӣ даст зада буд, аммо бо фарзияи дигар Звиад Гамсахурдиа аз тарафи шахсони номаълум қатл гардидааст.                  Моҳи феврали соли 1994 бо талаби ҳамсари собиқ президент ҷасади ӯро аз Гурҷистон бароварда дар Чеченистон ба хок супорида буданд. 

Октябрь 21, 2009 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад