СЕМИНАР ОИД БА ТАЙЁРИИ ПЕШАЗТАҲЛИЛИИ БИОМАВОДҲО
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – Имрӯз, 13 октябри соли равон бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии тиббии Вазорати тандурустӣ семинар оид ба тайёрии пешазтаҳлилии биомаводҳо ва масъалаҳои ҳозиразамони ташхиси иммуноферментӣ барпо мегардад. Тавре аз маркази матбуотии Вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд, мақсади гузаронидани чунин семинар таъмини иштироки мутахассисон дар семинари ҷумҳуриявӣ бо иштироки олимони варзидаи бурунмарзии Федератсияи Русия оид ба омӯзиши мутахассисони озмоишгоҳҳо, пизишкёрони ҳуҷраҳои тазриқгоҳӣ доир ба талабот, нигаҳдошт ва расонидани биомаводҳо то озмоиш, инчунин баррасии масъалаҳои ҳозиразамони таҳлили иммуноферментӣ барои табибон, акушер-гинекологҳо, урологҳо, трансфузиологҳо, бемориҳои пӯсту зӯҳравӣ мебошад. Семинар ду рӯз давом карда, дар он коршиносон аз Федератсияи Русия, мутахассисон аз муассисаҳои шифоии ҷумҳуриявӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






