ШӮРОИ НИГАҲБОНИ ИНҚИЛОБИ ИСЛОМӢ ТЕРРОРИСТОНРО МЕҶӮЯД
Теҳрон, 19 октябр. (АМИТ «Ховар» — top.rbk.ru). – Ҷавобгарии амали террористии 18 октябр дар қисмати ҷанубу шарқии вилояти Сиистон ва Балуҷистони Эрон рӯй додаро, гурӯҳи ифротгарои «Ҷанговарони Аллоҳ» (Jundallah) ба ӯҳдаи худ гирифт. Дар ин бора шабакаи телевизиони давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон Press TV иттилоъ дод. Мувофиқи хабари шабакаи телевизионии Press TV гурӯҳи мазкур бо хадамоти махсуси англисӣ ва америкоӣ, инчунин бо созмони террористии «Алқоида» алоқа дорад. Қабл аз ин низ Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломӣ (КСИР) изҳорот дода буд, ки дар амали террористӣ унсурҳои хориҷӣ даст доранд. Ҳамчунин роҳбари парлумони Эрон Алӣ Лариҷонӣ амали террористӣ дар қисмати ҷанубу шарқии мамлакатро натиҷаи фаъолияти ИМА дониста қайд карда буд, ки : — «Ин нишонаи муносибати душманонаи Амрико ба Эрон мебошад». «Бо ин амали худ душманон кӯшиш мекунанд, ки ваҳдат ва ягонагии суннимазҳабон ва шиаҳоро барҳам зананд, – изҳор карда буданд намояндагони Шӯрои нигаҳбонони инқилоби исломӣ. Дар навбати худ ИМА амали террористиро маҳкум карда, ба он муносибат надоштани Амрикоро таъкид сохтанд. Котиби матбуотии департаменти давлатии ИМА Иэн Келли арз кард, ки «Маълумот дар бораи даст доштани ИМА ба амали террористӣ нодуруст мебошад». Ҳамчунин, роҳбарияти вазорати корҳои хориҷаи Британияи Кабир низ амали террористиро маҳкум карда буданд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи амали террористии 18 октябри соли ҷорӣ дар Эрон рӯидода 29 нафар ҳалок, 28 нафар захмдор шуданд. Аз ҷумла, 6 нафар афсарони олирутбаи Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломӣ генерал Нур Алӣ ва генерал Раҷаб Алӣ Муҳаммадзода ба ҳалокат расиданд. Бояд қайд кард, ки дар манотиқи Сиистон ва Балуҷистон, ки бо Афғонистон ва Покистон ҳамсарҳад мебошад, миёни ниҳодҳои амниятии Эрон ва гурӯҳҳои нашъаҷаллоб, инчунин гурӯҳҳои суннимазҳаби тундрав мунтазам задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






