ШАҲРВАНДОН СОЛҲОИ ОХИР БА ОСОРХОНАҲО РАФТУОИ КАМ ДОРАНД
Кӯлоб, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар муассисаи давлатии Муҷтамаи Ҷумҳуриявии Осорхонахои Кӯлоб, ки ба он Осорхонаи 2700-солагӣ, мероси адабӣ ва осори хатии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва хона музеи Сайдалӣ Вализода шомил мебошанд, беш аз 5000 нигора маҳфуз аст. Ин нигораҳои рангину қадима воқеан ҳам таърихи қадимаи Кӯлоби бостониро бозгӯи намуда, тамошои онҳо ба ҳар бинанда як ҷаҳон лаззати маънавӣ мебахшад. Осорхонаи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб дар арафаи таҷлили ҷашни 2700 солагии шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифта дар он беш аз 3000 нигора маҳфуз мебошад, таҷассумгари таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошанд. Як қатор нигораҳои осорхона таърихӣ хеле қадима дошта ҳанӯз дар асрҳои 6-4 и пеш аз милод сохта шудаанд. Дар ин шумул УТУ яке аз нигораҳои нодиру қадимаест, ки ба гуфти директори генералии муассисаи давлатии муҷтамаи Ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Ҳотам Асозода таърихи 2400 сола дорад ва ифодагари он аст, ки асбобҳои гуногуни рӯзгор ҳанӯз чансадсолаҳо қабл вуҷуд доштанд. Дар осорхонаи мазкур шӯъбаҳои гуногун: гӯшаи табиат, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чеварӣ, чакандузию заргарӣ, шӯъбаи таърих, ки дар он намунаи нигораҳои бозгӯи таърихи давраи неолиту полеолит, замони сангу биринҷ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд, мавҷуд аст. Ба осорхона мактаббачагон мунтазам меоянд, аммо директори генералии муассиса нисбати омаду рафти шаҳрвандон, бахусус донишҷӯёни риштаи таъриху кишваршиносии донишгоҳу коллеҷҳои шаҳр ба осорхонаҳо изҳори нигаронӣ намуд. Бобати таъмин ва харидорӣ намудани нигораҳои нодир барои осохонаҳои Кӯлоб роҳбарияти Муассисаи давлатии Муҷтамаи давлатии осорхонаҳои Кӯлоб кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






