ТАҲИЯИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ НАССОҶӢ ВА ДӮЗАНДАГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Октябрь 29, 2009 16:28

                Душанбе, 29 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Душанбе Форуми машваратии таҳияи стратегия барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ки муддати ду рӯз дар Маркази равобити пойтахт идома дошт, ба анҷом расид.                 Дар машварат, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои хизматрасон ва тарроҳони ботаҷриба, донишмандони соҳа иштирок доштанд, масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи нассоҷӣ, дузандагӣ ва таҳияи стратегии ин соҳаро баррасӣ карданд.                  Форуми машваратӣ бо ибтикори мақомоти давлатӣ, Маркази байналмилалии тиҷорат ва бо кӯмаки молии идораи давлатии Швейтсария дар бахши иқтисод дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» гузаронида шуд.                 Тибқи иттилои мушовири миллӣ дар масъалаҳои тамос бо ҷомеаи намояндагии Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон Абдулфатоҳ Шафиев, ҳадафи асоси тарҳи мазкур дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсозии содироти маҳсулоти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.                 Ба ақидаи мушовири калони Маркази байналмилалии тиҷорат Ян Сайерс, — таҳияи стратегия барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ҳамоҳанг намудани талошҳо ва таъмини бархӯрди ягона нақши муассир мебозад.                 Ҳамзамон, мушовири байналмилалии Маркази байналмилалии тиҷорат Рупа Гангулӣ гуфт, ки форуми мазкур дар ҳалли масъалаҳои роҳҳои рафъи мушкилоти вобаста ба истеҳсолот, таваҷҷӯҳи корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ба бозорҳои пешрафта, барномаи ҳамоҳанг кардани фаъолиятҳо ва расидан ба тавофуқ, ҷалби мутахассисон ҷиҳати пажӯҳиши ин барнома ва табодули таҷриба саҳми босазо гузошт.                  Иштирокдорони форум, дар даври фании он усулҳои нави муносибат бо муштариён, таҳияи нақшаи фаъолияти корхонаҳо, роҳҳои ворид шудан ба бозорҳои пешрафта ва ба фурӯш мондани маҳсулоташонро омӯхтанд.

Октябрь 29, 2009 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад