ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ «НИСОҶОН» ДАР КӮЛОБ ЧОРАБИНӢ ГУЗАРОНИД
Кӯлоб, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Таи солҳои охир паҳншавии бемории ВИЧ -СПИД ва дигар зуҳуроти номатлуб ба монанди нашъамандию нашъаҷаллобӣ аҳли ҷомеъаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Баҳри пешгирии ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чораҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. Бахусус Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустии кишвар дар ин самт тавассути ҷалби ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъияти корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд. Чунин як иқдом аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Нисоҷон"-и шаҳри Кӯлоб амалӣ гардонида шуд, ки тибқи муҳтавои чорабинӣ дар варзишгоҳи марказиии шаҳр байни бачаҳое, ки баъди дарс вақти холигии хешро дуруст истифода намебаранд, инчунин фарзандон аз оилаҳои камбизоат мусобиқаи футбол таҳти унвони "Ҳаёти ман бе СПИД" баргузор гардид. Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб, мудири шӯъбаи кор бо ноболиғон, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ ва кормандони маркази мубориза алайҳи ВИЧ-СПИД-и минтақаи Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар варзишгоҳ дастаҳои «Сомон» ва «Истиқлол» қувваозмоӣ намуда, баъди ба ҳадаф расонидани зарбаҳои 7-метра дастаи «Истиқлол» ғолиби мусобиқа ва сазовори туҳфаи таъсиснамудаи ташкилкунандагон гардид. Кулли иштирокчиёни мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравии Иттиҳодияи ҷамъиятии "Нисоҷон"сарфарозонида шуданд. Бояд қайд намуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама ба хотири солимгардонии аҳолӣ бо мақсади пешрафти иқтисодиёт ва тараққиёти ҷомеа хоҳад буд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






