ВАЛИАҲД ОҒОХОНИ 1У БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Валиаҳд Оғохони 1У 9 октябр барои боздиди серӯза ба Душанбе ташриф меорад. Аз раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки меҳмони олиқадр зимни сафар бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот анҷом хоҳад дод. Инчунин Оғохони 1У, тибқи нақша дар маросими ба истифода додани Маркази исмоилиён дар Душанбе ширкат хоҳад варзид. Оғохони 1У баъдан ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафта, бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии он мулоқот хоҳад кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






