ҚОНУНИ АВФ ИҶРО МЕШАВАД

Ноябрь 18, 2009 09:24

                   Қӯрғонтеппа, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Мувофиқи Қонуни авф, ки онро Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам имзо карда буд, то имрӯз аз ҳабсхонаҳои вилояти Хатлон бештар аз 300 нафар озод карда шуданд. Аз ин ҷумла, 165 нафарро занон ташкил медиҳанд. Прокурори назорати иҷрои қонуни мазкур дар ҳабсхонаҳои вилояти Хатлон Юсуфхон Ҳусейнов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар давоми рӯзҳои гузашта маҳбусон аз ҳабсхонаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Ҷилликӯл озод карда шуданд.                    Кормандони мақомоти муҳофизи қонун бо маҳбусон мулоқот карда, аҳамияти қонунро шарҳ медиҳанд. Ҳамзамон бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ барои бо кор таъмин намудани шахсони озодшуда ва ба онҳо расондани кӯмакҳои иҷтимоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Ноябрь 18, 2009 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад