ҲИММАТИ БАЛАНДИ СОКИНОНИ ҲИСОР

Ноябрь 12, 2009 12:39

                Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», А. Ҳаитов). — Дирӯз дар толори мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Ҳисор бо иштироки фаъолон, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, ҷавонон, органҳои ҳифзи ҳуқуқ, деҳқонон, соҳибкорон маҷлиси васеъ баргузор гардид.                   Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари дастгоҳи ноҳия Шарифов Бобосафар иттилоъ дод, дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби иштирокдорон ба тамоми сокинони ноҳия Муроҷиатнома қабул гардид. Дар Муроҷиатнома иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидан ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо истифода аз қувваи худӣ ва захираҳои дохилӣ дастгирӣ шуда, пешниҳод гардидаст, ки маблағи якрӯзаи маоши музди меҳнат пурра ба сохтмони ин иншооти бузург гузаронида шавад.                 Мувофиқи суханони Шарифов Б. ин таклиф аз тарафи сокинони ноҳияи Ҳисор бо ҳамовозӣ пазируфта шуд.

Ноябрь 12, 2009 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад