ҶАЛАСАИ РОҲБАРОНИ ШАБАКАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ
Душанбе, 25 ноябр (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова) — Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 11 декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи якҷояи Шӯрои роҳбарони шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ ва ҷамъиятии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа директори Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», узви Шӯрои таҳририяи Маркази байнидавлатии иттилоотии радиотелевизионҳои ИДМ Абдумаҷид Усмонов намояндагӣ мекунад. Дар ҷаласаи имсолаи Шӯро масъалаҳои зерин баррасӣ мегарданд: иҷрои нақшаҳои омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 65 солагии Ғалаба бар фашизм; фаъолияти Маркази байнидавлатии иттилоотии радиотелевизионҳои ИДМ; таҳкими дастгирии иттилоотии сохторҳои ИДМ. Мақсад аз созмон додани Маркази байнидавлатии иттилоотии радиотелевизионҳои ИДМ дар асоси табодули телевизионӣ таъмин кардани шабакаҳои телевизионӣ бо наворҳо ва намоишҳои телевизионӣ аз ҳаёт ва фаъолияти сокинони кишварҳои ИДМ мебошад. Бо ин роҳ шабакаҳои телевизионии давлатҳои ИДМ фазои иттилоотӣ ва доираи бинандагони худро метавонанд васеъ кунанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






