22 СОЛ ЗИНДОНӢ ШУД
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Додгоҳи ВМКБ шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон Искандар валади Шозиёро бо моддаи 335 қисми 1 ва моддаи 289 қисми 2 ва моддаи 200 қисми 4 – и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста, ба мӯҳлати 22 сол аз озодӣ маҳрум намуда аст. Гуфта мешавад, ки Искандар валади Шозиё шаби 17 – уми июли соли 2008 – ум дар мавзеи Ниводаки Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намуда аз тариқи қочоқ калони маводи нашъаовари ҳашишро ба миқдори 18 килограмму 400 грамм дохил намуда, ҳангоми дохил шудан ба хоки Тоҷикистон аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ин сеюмин боздошти шаҳрвандони Ҷумҳурии Афғонистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли сипаригашта мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






