А. ШЕЪРДӮСТ: «ТАДБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОДАРОНА, НА …»

Ноябрь 18, 2009 10:51

                 Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст 17 ноябр зимни як нишасти матбуотӣ маводи нашрияи мустақили «Нигоҳ» — «Нақби «Истиқлол» ё ғори эрониҳо»-ро ғаразнок арзёбӣ карда, гуфт, ки ҳама лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби давлати Эрон татбиқ мешаванд бародарона буда, ҳадафи аз онҳо фоида ба даст оварданро надоранд.                   Гуфтанист, ки дар ин мавод то ҳанӯз мавҷуд будани об, набудани рӯшноӣ ва таҷҳизоти тозакунандаи ҳаво дар нақби «Истиқлол» ба риштаи таҳрир кашида шуда, он бо нақби бунёднамудаи Чин – нақби «Шар-Шар» муқоиса шудааст.                  Алиасғари Шеърдӯст тазаккур дод, ки дар ҳоле ки маблағи лоиҳаи нақби «Истиқлол» баробари лоиҳаи нақби «Шар-Шар» асту, дарозии нақби «Истиқлол» зиёда аз 5 километр ва дарозии нақби «Шар-Шар» 2 километру 223 метр аст, чи гуна метавон ин нақбҳоро бо ҳам муқоиса кард.                  Сафир афзуд, ки маблағи қарордодии 39 миллион доллараи лоиҳаи нақби «Истиқлол» пурра масраф шуда, ширкати «Собир интернейшнал» аз ҳисоби маблағҳои худ корҳои бетонрезӣ ва бастани ҷараёни об дар дохили ин нақбро анҷом медиҳад. Бо вуҷуди он, ки ширкати «Собир интернейшнал» дар ҷараёни бунёди нақби «Истиқлол» 10 миллион доллари ИМА зарар дидааст.                  Алиасғари Шеърдӯст гуфт, ки ширкати «Собир интернейшнал» ваъда додааст, ки то охири моҳи декабри соли ҷорӣ резиши обро дар нақб қатъ карда, танзими обро дар он таъмин менамояд.                  «Мавриди зикр аст, ки барои насби системаи тозакунии ҳаво, барқрасонӣ, рӯшноӣ ва зиддисӯхтории нақби «Истиқлол» 5 миллион доллари изофӣ зарур аст, ки дар назар аст ин масъала дар ҷараёни сафари Раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, ки то охири соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт, ҳаллу фасл гардад», — гуфт дар хотима сафири Эрон дар Тоҷикистон А. Шеърдӯст.                   Ёдовар шудан ба маврид аст, ки нақби «Истиқлол» аз ҷониби ширкати эронии «Собир интернейшнал» моҳи июли соли 2006 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аммо то ҳол ба иллати ҷорӣ шудани об дар дохили нақб корҳои сохтмонӣ ва тармим дар ин лоиҳа идома дорад. 

Ноябрь 18, 2009 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад