АЛОМАТҲОИ РОҲРО КӢ МЕДУЗДАД?
Кӯлоб, 12 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Сулаймон Холов).- Масъулини идораи танзими роҳҳои нақлётӣ дар минтақаи Кӯлоб аз ғорат шудани беш аз ҳазор аломати роҳ изҳори нигаронӣ намуданд. Муродалӣ Хомӯшов, сармуҳандиси идораи роҳҳои нақлиётии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар ҳоле, ки таи чанд моҳи охир ба ғорат бурдани аломатҳои роҳ идома дорад, шӯъбаи корҳои дохила то ҳанӯз ягон тан аз ғоратгаронро боздошт накардааст. “Онҳо ҳанӯз намедонанд, ки ин аломатҳоро кӣ ва ба кадом хотир ба яғмо мебарад. Ба ақидаи мутахассисон аломатҳои роҳ ҳамчун метали рангаи арзишнок аз ҷониби бархе сокинон ба хотири пайдо кардани маблағ канда фурӯхта мешаванд”,-гуфт М. Хомӯшов.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






