АРАБИСТОНИ САУДӢ ТАБИБОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕКУНАД
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар доираи шартномаҳои тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар қатори шахсони дорои касбу кори гуногун муҳоҷирати меҳнатии табибони тоҷик низ ба роҳ монда хоҳад шуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар доираи ин шартнома Вазорати тандурустии кишвар тасмим гирифтааст барои сафарбар кардани мутахассисони соҳа ба ин кишвари ба мо дўст, мусоидат кунад. Дар навбати аввал шартномаи табибон барои бо кор таъмин шудан ба муддати 2 сол пешбинӣ шудааст, аз он пас бошад, мутахассис метавонад боз шартномаашро идома диҳад. Барои муҳоҷирони менатӣ тамоми шароитҳо, аз қабили ҷои зист, шароити хуби корӣ, суғуртаи тиббӣ, хўроки севақта пешбинӣ шудааст. «Дар ин самт баъзе монеаҳо низ ҷой доранд. Масалан ба ҷавонзанони духтур ё ҳамшираҳои шавқат танҳо бо оилаашон, яъне бо шавҳарҳояшон иҷозаи рафтан дода мешавад. Ҷавонмардон низ бо аҳли хонаводаашон фиристода хоҳанд шуд. Имрўз пўшида нест, ки табибони тоҷик дар кишварҳои дигаре чун Федератсияи Россия, Давлатҳои Яману Афғонистон кор мекунанд ва шартномаи кории онҳо инфиродӣ аст, аз ин рў ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо низ мушкилоти зиёдеро пеш меорад. Дар ҳолате, ки аз ҷониби давлат шартномаи меҳнатӣ баста мешавад, ҷумҳурӣ метавонад ба пуррагӣ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандонаш дар ин кишвар дифоъ кунад. Ҳамзамон табибоне, ки дар кишварҳои дигар кору зиндагӣ доранд метавонанд ба ҷумҳурӣ баргарданду бо шартномаи расмӣ ба Арабистони Саудӣ раванд. Барои мардуми мусалмон ҳамчунин имкони хуби ба ҷо овардани яке аз рукнҳои дини мубини ислом Ҳаҷ, муяссар хоҳад гашт», — зикр намуданд дар вазорат. Инчунин, шарти дигари дар ин шартнома қайдгардида донистани забон аст. Барои кормандони миёнаи тиббӣ донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи миёна кофӣ бошад ҳам, барои табибон донистани забони англисӣ ҳатмист. Бо ин мақсад аз ҷониби Арабистони Саудӣ курсҳои махсуси омўзиши забони англисӣ дар муддати ду моҳ ба таври ройгон ташкил карда мешаванд. Гуфтанист, ки интихоби мутахассисон низ бо роҳу усули хоса сурат мегирад. Яъне мо наметавонем мутахассисеро, ки ҷумҳурӣ ба он зарурат дорад, ба хориҷи кишвар фиристем. Аз ин рў дар назди Вазорати тандурустӣ комиссияи махсусе созмон дода мешавад ва ҳар нафари хоҳишманд танҳо ба иҷозатнома — роҳхати вазорат фиристода мешавад. Тибқи созишнома ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки барои номнавис кардани мутахассисон ба ин гурўҳҳо муаззафанд, табибонро танҳо бо иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ба рўйхат дохил карда метавонанд. Дар навбати аввал онҳое меистанд, ки дар шаҳрҳо сукунат дошта, ҷои кори доимӣ надоранд. Ин иқдом танҳо ба хотири таъмини ҷои кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мутахассисони соҳа ва аҳли байти онҳост.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






