АЗНАВСОЗИИ ФУРӮДГОҲ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Ибтидои солҳои 30 – юми қарни ХХ дар фурӯдгоҳи шаҳри Хоруғ нахустин тайёраи кӯчак фаромад. Аз ин вақт 80 – сол гузашт. Соли 2009 бо имдоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлаитии ВМКБ ва Бунёди Оғохон тибқи Лоиҳаи бо меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ аз нав сохтани он оғоз гашт. Дилдор Махсудшоев — садри фурӯдгоҳ иброз дошт, ки қабл аз ҳама бояд қароргоҳи тайёраҳову чархболҳоро бунёд кард. Пайроҳаи парвози тайёраҳо беш аз 800 метр дарозтар мешавад. Аз тарафи чап ба ишғоли як қисмати рӯдхонаи Панҷ фурӯдгоҳ васеъ карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






