БАРНОМАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

Ноябрь 18, 2009 16:39

                 Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 16 ноябр дар ҷараёни мулоқоти иқтисодии «Евразия – 2009», ки бо ташаббуси Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди СММ, Бонки давлатии рушди Чин ва Ҳукумати вилояти Шанси давом дорад, мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин баргузор гардид.                  Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва раиси «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов, аз ҷониби Чин раиси Бонки давлатии рушди ин мамлакат Чен Юан, инчунин сардорони раёсату шӯъбаҳои бонки мазкур ширкат варзиданд.                  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ш.Раҳимзода дар бораи дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон дар давоми солҳои охир сухан ронда, роҷеъ ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти мамлакат, фаъолияти бонкҳо ва тадбирҳои бартараф сохтани зарари бӯҳрон маълумот дод.                   Қайд карда шуд, ки бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ ҳаҷми Маҳсулоти умумии дохилӣ дар давоми 10 моҳи гузаштаи соли равон 2,1 фоиз афзуд, ҳаҷми беқурбшавии пул 4,7 фоизро ташкил дод, қурби пули миллӣ қариб 27 фоиз коҳиш ёфт ва дар ҳамин зина нигоҳ дошта мешавад. Ш.Раҳимзода зикр кард, ки сармоядорони Чин ба соҳаҳои бофандагӣ, истихроҷи маъдан ва кишоварзии Тоҷикистон маблағ гузошта метавонанд.                  Гул Шералӣ таваҷҷӯҳи иштирокчиёни мулоқотро ба рушди соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон ҷалб намуд. Вай дар бораи сохтмони марказҳои нави тавлиди ҳарорат ва қувваи барқ дар шаҳри Душанбе, нерӯгоҳҳои барқи обии «Нуробод – 1» ва «Нуробод – 2» сухан ронд, ки бо иштироки ширкатҳои чинӣ бунёд карда мешаванд. Г.Шералӣ ба роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин пешниҳод кард, ки масъалаи сармоягузориро ба сохтмони ин нерӯгоҳҳо баррасӣ намоянд.                  Иштирокчиёни мулоқот изҳор карданд, ки Тоҷикистону Чин дар бисёр соҳаҳо самарабахш ҳамкорда метавонанд. Қарор дода шуд, ки барномаи нави ҳамкории молиявии панҷсолаи Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин тартиб дода шавад.                   Ояндаи наздик гурӯҳи кории Бонки давлатии рушди Чин барои омӯзиши шароити ҳамкорӣ ва пешниҳодоти намояндагони Тоҷикистон ба Душанбе хоҳад омад.

Ноябрь 18, 2009 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад