БАРНОМАИ НАВИ КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МОЛИЯВӢ

Ноябрь 18, 2009 11:19

                 Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаёт Реженси Душанбе» ба муносибати оғози иҷрои барномаи беҳтар сохтани фаъолияти соҳаҳои ёриррасони молиявӣ барои беҳтар сохтани вазъияти хариду фурӯши мол дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.                    Нишасти матбуотиро Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ баргузор месозад. Дар ҷараёни ҷамъомад фаъолияти корпоратсия ва мақсади барномаи нави он дар бобати дастгирии соҳаҳои ёриррасони хариду фурӯши мол дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон шарҳу тавзеҳ дода мешаванд. Нотиқон ба аҳамияти мусоидат ба ҷараёни беҳтар сохтани фаъолияти сохторҳои молиявии ҷумҳурӣ, рушди фаъолияти муассисаҳои қарздиҳӣ ҳамчун ҷузъи муҳимтарини соҳаи ёрирасони маблағгузорӣ ба соҳаи тиҷорат, нақши Ҳукумати Швейтсария дар ҳалли ин масъала ҳамчун яке аз сарпарастон ва ҳамкорони фаъоли Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ сухан хоҳанд ронд.                  Дар нишасти матбуотӣ вакилони палатаи поёнии парлумон, намояндагони Бонки миллӣ, директори Агентии ҳамкории байналхалқии Швейтсария дар Тоҷикистон Рудолф Шоҳ, корманди Корпоратсияи Байналхалқии молиявӣ Венди Ҷо Вернер, роҳбарони анҷумани бонкҳои Тоҷикистон ва дигарон ширкат меварзанд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳадафи барнома такмили фаъолияти соҳаҳои ёриррасони хариду фурӯши мол дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ — Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон бо роҳи бунёди низоми самарабахши мубодилаи маълумот ва гузаронидани семинарҳо дар масъалаҳои додани сертификатҳо барои кормандони ташкилотҳои молиявӣ мебошад.                   Барномаи мазкур, тибқи нақша бояд дар давоми се сол иҷро карда шавад. Барои амалӣ сохтани он 2,4 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст. 

Ноябрь 18, 2009 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад