БЕМОРИИ СИЛ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Маркази Муборизаи Вилоятии бемории сили №2 ш. Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Маркази Муборизаи зидди сили ҷумҳуриявӣ экспедитсияи махсус ташкил намуда, дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ, Темурмалик, Балҷувон, ва Мӯъминобод шаҳрвандони зери гурӯҳҳои хавф қарор доштаро аз муоинаи флюрографӣ гузаронида, хатари паҳншавии бемории силро дар ин ноҳияҳо пешгирӣ сохт. Раҳматулло Ҷумъаев директори Маркази Вилоятии мубориза бар зидди бемории сили ш. Кӯлоб дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки муносибати кормандони тиб ба бемории сил дар минтақа бо стандартҳои ҷаҳонӣ хеле наздик карда шуда, дар оянда низ диққати марказҳои силшиносии ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои маблағгузорро ба мушкилоти сил дар минтақа ҷалб намуда, соҳиби таҷҳизот ва технологияи нав хоҳад гардид. Ҷумъаев афзуд, ки ҳолати бемории сил дар минтақаи Кӯлоб нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 396 нафар кам гардида, камбудиҳои ҷойдошта бартараф гардидаанд. Гуфта мешавад, айни ҳол дар беморхона корҳои ободонӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо идома дошта, дар ин самт дастгирии раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Ғайбулло Авзалов хеле зиёд мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






