БОЗ ЯК СОМОНАИ РАСМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 4 ноябри соли ҷорӣ муаррифии сомонаи расмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки таҳияи он дар доираи лоиҳаи муштараки «Такмили адолати суди конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Суди конститутсионии ҶТ муяссар гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин такшилоти байналмиллалӣ хабар доданд, мақсади асосии таҳияи сомона – мусоидат дар амалигардии Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши такмили фаъолияти Суди конститутсионии кишвар тавассути таъмини дастрасии ҳар як шаҳрванд ба иттилоот ва ҳамин тариқ дастрасӣ ба адолати суди конститутсионӣ дар кишвар мебошад. « Иттилоот дар сомона ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст. Дар он ҳамаи иттилооти зарурӣ аз қабили: таърихи рушди назорати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор ва ҳайати Суди конститутсионӣ, иттилоот дар бораи судяҳои амалкунанда ва дар истеъфобудаи он, қонунгузории истеҳсолоти суди конститутсионӣ дар ҶТ, қарору таъинотҳои Суди конститутсионӣ, нашрияҳои вобаста ба ҳуқуқи конститутсионӣ, ахбор ва ғайра ҷой дода шудаанд», гуфт манбаъ. Сомонаи мазкур нахустин сомонаи расмии низоми судии кишвар буда, ифтитоҳи он ба ҷашни 15 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омад ва дар назар аст, ки он фаъолияти комилан шаффофи Суди конститутсионии Тоҷикистонро таъмин менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






