БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Э. РАҲМОН АЗ КОРХОНАИ БЕЛАЗ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Жодина аз корхонаи азими мошинсозии БелАЗ дидан карда, бо кори он аз наздик шинос шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистон бо корхонаи БелАЗ, ки мошинҳои пуриқтидори боркашаш дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ ва дигар иншооти стратегии кишвари мо саҳми намоён доранд, изҳори қаноатмандӣ карда, масоили таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориро бо роҳбарияти он баррасӣ намуд. Бо қаноатмандӣ ҳамчунин аз кори марказҳои тармим ва хизматрасонии мошинҳои БелАЗ, МАЗ ва дигар техникаи истеҳсоли Беларус дар Тоҷикистон ёдоварӣ карда, мусоҳибон ҳамзамон кушодани як корхонаи муштаракро оид ба тармиму навсозӣ ва истеҳсоли чархҳои мошин ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ зарур шумурданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз Ҷумҳурии Беларус иттилоъ дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






